Кашфу мусодираи беш аз 10 кило «афюн» дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ зимни як амалиёт дар Душанбе миқдори зиёди маводи мухаддирро мусодира карданд.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз дафтари матбуоти ВКД иттилоъ доданд, кормандони милиса шаҳрванд Дилшод Шералиеви 37 сола, сокини кӯчаи Н.Қаробоеви ноҳияи Фирдавсиро дастгир намудаанд.
Бино ба иттилои манбаъ, зимни аз назаргузаронии манзили истиқоматии ӯ аз дохили борхалтааш маводи нашъадори навъи «афюн», вазнаш 10 килою 349 грамм дарёфт ва мусодира гардид.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.