Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ 100% иҷро шуд
Фаридун Маҳмадалиев, сӯхангӯи Вазорати мудофиа ба Озодагон хабар дод, ки аз оғози даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ расо ду моҳ сипрӣ шуд ва дар ин муддат мақомоти вобастаи давлатии даъват дар ҳама шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ӯҳдадории худро дар сатҳи зарурӣ ташкилу ба роҳ монданданд. Нақша сад фисад иҷро шудааст.
«Феълан таҳлилу ҷобаҷогузории наваскарон бо суръат идома дорад. Комиссияи махсус алъон муайян мекунад, ки теъдоди онҳое, ки ба комиссияи даъватӣ ҳозир шудаанд чӣ қадар аст. Чанд нафарашон қобили хизмат дониста шуданд ва чӣ теъдод ҳуқуқи ба таъхир андохтану аз хизмати ҳарбӣ озод буданро доранд»,-афзуд манбаъ.
Дар назар аст, ки муддати 10-15 рӯзи минбаъда натиҷаҳои даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ шавад.
Номбурда илова кард, ки аз оғози ин маракаи муҳими сиёсӣ вилояти Хатлон пешсаф буда, нахустин шуда шаҳри Норак нақшаро ба пурагӣ иҷро кард.