Кӯлоб: 9 миллиону 400 ҳазор сомонии андоз пардохт нашудааст
Корхонаву ташкилотҳои шаҳри Кӯлоб дар мавриди супурдани ҳақи андози давлатӣ коҳилӣ мекунанд.
Тибқи иттилои Фарҳод Қурбонов, сардори нозироти андози шаҳри Кӯлоб, қарзи ташкилоту корхона ва хоҷагиҳои шаҳру ноҳия то нимсолаи аввали имсол аз андози давлатӣ ва фонди ҳифзи иҷтимоӣ 9 миллиону 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Қарздорони бузург ташкилотҳои обу ташноби шаҳр (наздик ба 2 миллион сомонӣ) ва идораи мелиоратсия ва хоҷагии об (беш аз 3 миллиону 900 ҳазор сомонӣ) мебошанд. Гузашта аз ин, ташкилотҳои соҳаи нақлиёт ва алоқа низ то нимсола зиёда аз 2 миллиону 500 ҳазор сомонӣ аз андози давлатӣ қарздор мондаанд.
«Инчунин муассисаҳои сохтмонӣ як миллиону 800 ҳазор сомонӣ қарзи андозро насупоридаанд. Танҳо як корхонаи бузурги пунбатозакунӣ- «Пахтаи Кӯлоб» аз андоз наздик ба 500 ҳазор сомонӣ қарздор аст. Аммо барои пардохти ҳақи андоз тамоман бепарвоанд»,-мегӯяд ҷаноби Қурбонов.
Ба андешаи манбаъ, иллати асосии пардохт накардан ва дар ҳамин ҳол, баланд рафтани қарзи андози давлатӣ сари вақт иҷро накардани ӯҳдадории андозсупорандагон мебошад. Зеро ҳар моҳ қарзҳои андоз тибқи қонуни андози давлатӣ бо фоизҳои муайянгашта баланд гаштан доранд.