Шӯрои ҳуқуқи инсони назди президентро боз шаш нафари дигар тарк намуд
Шаш аъзои шӯро оид ба ҳуқуқи инсони назди президенти Русия бо аризае аз берун шуданашон аз ниҳоди мазкур хабар додаанд. Гуфта мешавад, сабаби ин тасмим ба дигарбора ба курсии райисҷумҳурӣ нишастани Путин рабт дорад.
Нашрияи «Коммерсантъ» навиштааст, ки гап дар бораи журналист Леонид Радзиховский, президенти Институти лоиҳаи миллии «Қарордоди ҷамъиятӣ» Александр Аузан, президенти Фонди ҳифзи ошкорбаёнӣ Алексей Симонов, директори Институти рушди гуманитарӣ Татьяна Малева ва роҳбари Маркази пажӯҳиши диннӣ ва этносиёсӣ Эмил Паин меравад.
Ҳамчунин, тибқи хабарҳои тасдиқнашуда ояндаи наздик шӯрои назди президентро шояд роҳбари Маркази рушди демократия ва ҳуқуқи инсон Георгий Ҷибладзе низ тарк намояд.
Ҳанӯз декабри соли 2011 аз шӯро оид ба ҳуқуқи инсон рӯзноманигор Светлана Сорокина ва ҳомии ҳуқуқ Ирина Ясина берун рафта буданд. Иллати чунин тасмими худро ба тақаллубкории зиёд дар интихоботи Думаи давлатии Русия маънидод карданд.
Авохири моҳи апрел ва оғози моҳи майи соли 2012 роҳбари шӯъбаи русиягии Transparency International Елена Панфилова ва сиёсатшинос Дмитрий Орешкин ҳам аз шуро берун рафтанд. Дар мавриди қасди тарк намудани шӯроро доштани роҳбари созмони ҳифзи ҳуқуқи «Мусоидати шаҳрвандӣ» Светлана Ганнушкина ҳам хабар дода мешавад.