баргард чоп кардан

Дар шимоли кишвар зиёда аз 145 кило маводи мухаддир мусодира гардид

Дар ин бора ба хабарнигори Озодагон дар шӯъбаи мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар  вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Шӯъбаи мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори шаҳру навоҳии вилоят аз гардиши ғайриқонунӣ 145 килову 394 грам маводи мухаддир забт ва мусодира шуд. «дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда маводи нашъадори мусодирашуда 117 кило камтар аст. Дар панҷ моҳи соли гузашта аз гардиши ғайриконунӣ зиёда аз 338 кг. маводи мухаддир мусодира шуда буд»,-афзуд манбаъ.

Сарчашмаи хабар мегӯяд, аз миқдори умумии маводи мухаддири дар соли равон кашфшуда, зиёда аз 22 кг ҳероин, 113 кг гурӯҳи бангдона ва 9 килоашро афюн ташкил медиҳад.