баргард чоп кардан

Эрон ва МАГАТЭ баъди чор рӯз музокирот мекунанд

Музокироти Эрон ва намояндагони Агентии байналмилалии нерӯи ҳастайӣ (МАГАТЭ) рӯзи 8-уми июн баргузор мешавад. Дар ин бора Юкия Амано, раҳбари МАГАТЭ зимни нишасти хабарие дар шаҳри Вена хабар дод.

Амано аз Эрон хост, ҳар чӣ зудтар ба нозирони МАГАТЭ иҷозаи вуруд ба пойгоҳи ҳарбии Парчинро бидиҳад. Гуфта мешавад, тибқи наворҳои моҳвораӣ ахиран дар ин минтақа фаъолнокии бештар мушоҳида шудааст.
Ёдовар мешавем, дар Вена ҷаласаи шӯрои МАГАТЭ пушти дарҳои баста ҷараён мегирад.