баргард чоп кардан

Лағжиши замин мӯҳлати истифодаи нақби «Шаҳристон»-ро ба се моҳ дароз кард

Бар асари лағжидани қабатҳои замин замони ба истифода додани нақби «Шаҳристон» тағйир хӯрд.

Тибқи нақша мебоист нақби мазкур моҳи июн ба истифода дода шавад. Аммо акнун гуфта мешавад, онро дар арафаи таҷлил аз 21-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон боз мекунанд. Тавре ба Озодагон аз маркази тадбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди «Душанбе-Чаноқ» хабар доданд, айни замон дар иншооти мазкур кор мувофиқи нақша ҷараён дорад.
Ёдовар мешавем, нақби «Шаҳристон» дар 180-километрии роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд дар ҳудуди байни ноҳияҳои Айнӣ ва Шаҳристони вилояти Суғд воқеъ мебошад. Масофаи нақб 5 ҳазору 253 метрро ташкил медиҳад. Сохтмони расмии нақби «Шаҳристон» 22-юми августи соли 2006 оғоз ёфт. Арзиши сохтмони он мувофиқи лоиҳа 175 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Сохтмони ин нақб яке аз ҷузъҳои лоиҳаи навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ба шумор рафта, пудратчии асосии лоиҳа ширкати China Road-и Чин мебошад.