баргард чоп кардан

Пайравӣ аз ислом бойиси муноқиша дар хонавода гардид

Кумитаи тафтишотии ҷумҳурии Бошқирдистони Русия пиразани 55 солаи шаҳри Уфаро барои дуздии наберааш муттаҳам кардааст.

Гуфта мешавад, масъалаи ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ аз рӯи моддаи «одамрабоӣ» дар садади баррасӣ қарор дорад. Ин хабар он қадар пураҳмият намебуд, агар модари ин набера дини Исломро қабул намекард. Анна Петрова, модари писарча, ки пеш масеҳӣ будааст, Исломро пазируфтааст ва аммо ин амали ӯро модаркалон написандидааст. Модаркалон рабудани набераашро муҳофизат аз Ислом ва духтараш донистааст.

Анна Петрова, модари писарча ба тафтишот оиди баъд аз дарс гум шудани писарчааш хабар дода, ҳамзамон модари худашро ба рабудани писараш муттаҳам кардааст. Ӯ гуфтааст, чанд рӯз пеш миёни духтару модар дар мавзӯи гаравидани духтар ба дини Ислом гуфтугузори ҷиддӣ ва ҳатто шадид сурат гирифта будааст.

- Ба модарам гаравидани ман ба Ислом тамоман маъқул набуд, ӯ худаш масеҳӣ аст. Ман аллакай 4 сол мешавад ки Исломро пазируфтаам. Кавонини шариатро риоя мекунам, ҳиҷоб мепӯшам, аммо модарам маро ба ба террорист шуданам таъна мезанад. Писарамро доим бо ин гап, ки гӯё ман одамонро метарконида бошам, тарс медиҳад.

Феълан Кумитаи тафтишот пурсуҷӯи хешовандони бибии наберадузд Ирина Петроваро шурӯъ кардааст.