баргард чоп кардан

Ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои аъзои СҲШ

Шоми имрӯз (6-уми июн) ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оғоз меёбад.

Тавре ба Озодагон аз ВКХ хабар доданд, барои ширкат дар ин ҳамоиш сарони ҳамаи давлатҳои аъзои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ дар шаҳри Пекин ҷамъ омадаанд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи имрӯза, ки дар ҳайати маҳдуд ҷараён мегирад, танҳо сарони давлатҳои аъзои созмон иштирок менамоянд. Ширкати кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай: Чин, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон дар назар аст.
Ҷаласаи ҳайати васеъ бо ҳамроҳ шудани роҳбарони давлатҳои нозири Созмони ҳамкории Шанхай, меҳмонон ва намояндагони созмонҳои гуногуни байналмилалӣ фардо баргузор мегардад.
Зимни ин ҳамоиш баррасии масоили мубрами минтақавию ҷаҳонӣ ва қабули Эъломияи муштараки давлатҳои аъзо, самтҳои асосии стратегияи рушди Созмони ҳамкории Шанхай, барномаи нави сесолаи ҳамкорӣ доир ба мубориза бо «хатарҳои сегона» ва дигар санадҳои муҳим дар назар аст.