баргард чоп кардан

Ӯзбакҳо дар «бағоч» Русия мерафтанд

Муҳоҷирони ӯзбак мехостанд сарҳади Қазоқистонро дар бағочи автобус убур кунанд.

Гурӯҳи 11 ва 24 нафараи ӯзбакон дар бағочи автобус пинҳон шуда, мехостаанд аз тариқи убури ғайриқонунии сарҳади Қазоқистон ба Русия ворид шаванд. Аммо пулиси нақлиёти вилояти Ҷамбул онҳоро аз бағоч берун кардаанд.

Полиси нақлиёти Қазоқистон гуфтааст, 2 автобусеро дар хатсайри Алмаато - Остона боздоштаанд, ки ба таври умум ба микдори 64 нафар аз меъёр зиёд мусофиронро мебурдаанд, ки дар яке 1 ва дар дигаре 24 нафар дар бағоч пинҳон шуда будаанд. Феълан, нисбати ронандагон ҳуҷҷатҳои маъмурӣ тартиб дода, мусофирони марзшикани «бағоҷӣ»-ро ба ватан бозгардонидаанд.