баргард чоп кардан

Ду ҷавон ҳангоми оббозӣ дар Сир ғарқ шуд

Ориф Нозимов, сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ба хабаргузории Озодагон гуфт, рӯзи гузашта тахминан соати 15:20 дар дарёи Сир, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, ҳангоми оббозӣ ду ҳодисаи ғарқшавӣ ба амал омадааст.

Ба қавли номбурда, дар натиҷа як сокини ноҳияи Ашт ва як сокини шаҳри Душанбе ба ҳалокат расидаанд. «Ғарқшудаҳо яке 23 ва дигари 24 сол доштаанд»,-афзуд манбаъ.
Ба қавли Ориф Нозимов аз ҷониби дастаи зудамали наҷотдиҳии Ситоди вилояти Суғд соати 17:50 ҷасади онҳо аз об бароварда, ба мақомоти дахлдор супорида шуд.