Кумитаи омор: Дар чор моҳ ба маблағи 314,8 млн. маҳсулоти нафтӣ фурӯхта шудааст
Дар чор моҳи ахир ҳаҷми гардиши савдо, таъмири автомобилҳо, молҳои маишӣ ва ашё барои истифодаи шахсӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ба маблағи 588,7 миллион сомонӣ афзудааст.
Тавре ба Озодагон аз Агентии омори назди президенти Тоҷикистон хабар доданд, дар чор моҳи аввали соли равон гардиши савдои чакана ба андозаи 18,2 фоиз зиёд гардидааст. Дар ин муддат ҳаҷми гардиши маблағи корхонаҳои таъмири автомобил 2-3 баробар ва таъмири ашё барои истифодаи шахсӣ ба андозаи 37,3 фоиз афзудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳаҷми умумии гардиши моли чаканаи бозорҳо ва дигар сохторҳои тиҷоратӣ 2 миллиарду 843,7 миллион сомониро ташкил медиҳад, аз ҷумла дар бозорҳои озуқаворӣ, ашё ва молҳои омехтаи ҷумҳурӣ ба маблағи 1 миллиарду 559,7 миллион сомонӣ мол фурӯхта шудааст, ки 54,8 фоизи ҳаҷми умумии гардиши моли чаканаро ташкил дод.
Манбаъ афзуд, дар ин давра ба маблағи 286,7 миллион сомонӣ чорвои зинда, ба 77,4 миллон сомонӣ автомобилҳои боркаш ва сабукрав, ба 314,8 миллион сомонӣ маҳсулоти нафтӣ ва ба маблағи 605,3 миллион сомонӣ молҳои дигар фурӯхта шудаанд.