Аз назди беморхонаи Маркази миллии тиббӣ афюн ёфтанд
Дар пайи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар назди беморхонаи Маркази миллии тиббии Тоҷикистон аз сабукрави тамғаи «ВАЗ-21099» маводи нашъадор дарёфт шуд.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ доданд, зимни ин амалиёт Файзиддин Наимови 36 сола ва Мақсад Гурезови 42 сола, сокинони ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаи Киров дастгир шуданд.
Манбаъ афзуд, ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи «ВАЗ-21099», ки ба Файзиддин Наимов тааллуқ дорад, аз зери курсии ронанда аз дохили пакети селофанӣ маводи нашъадори навъи «афюн»ёфт ва мусодира шуд. Вазни холиси он 3 килою 890 граммро ташкил медодааст.
Оиди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.