Тоҷикистон интизори арзоншавии гази Ӯзбакистон аст
Дар назар аст, ки Ӯзбакистон шурӯъ аз моҳи оянда, ки оғози семоҳаи сеюми сол аст, нархи газашро барои Тоҷикистон арзонтар намояд.
Масъулини «Тоҷиктрансгаз» мегӯянд харидуфурӯши газ миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон соли сеюм аст, ки аз рӯи формулаи нархи байналмилалӣ сурат гирифта истодааст. Зимни нархгузории газ асосан нархи нафту мазуту газол ба инобат гирифта мешавад.
Бо назардошти арзонишавии нафту маҳсулоти нафтӣ, ки чандест дар бозорҳои ҷаҳонӣ ҷараён дорад, интизор меравад, ки аз оғози семоҳаи сеюм гази ӯзбакӣ ҳам арзон шавад.
Ӯзбакистон ҳаҷми интиқоли газро дар семоҳаи дуюм барои Тоҷикистон наздики ду маротиба зиёд намуда, аз 45 миллион метрии мукааби семоҳаи якум то ба 80 миллион метрии мукааб дар семоҳаи дуюм расондааст.
Ҳаҷми бекафолати газ, ки дар назар аст имсол Тоҷикистон аз Ӯзбекистон харад, 200 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад.