баргард чоп кардан

Ҳероин дар бордони мошин

Дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд аз  автомашинаи  тамғаи «ГАЗ-3102»  маводи нашъадори «ҳероин» дарёфт карда шуд.

Тавре ба хабаргузории «Озодагон»  аз ВКД хабар доданд, ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар мавзеъи Ганҷаки деҳаи  Чилгаз,  шаҳрванд Саидидрис  Бобохонов 42 сола дастгир карда шуд.  Аснои азназаргузаронии автомашинаи шахсии ӯ ,аз бордони автомашина 5 адад бастаи селофанӣ дар дохилашон  4 килограму 706 грам маводи нашъадори «ҳероин», дарёфт ва мусодира карда шуд. Гуфта мешавад , ки Саидидрис   Бобохонов  пеш бо моддаи 228 КҶ Федератсияи Русия  суд шудааст. Айни замон   парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ  ифтитоҳ гардида, тафтишот идома дорад.