баргард чоп кардан

Дурнамои ёрии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба Ҳилоли Аҳмари Афғонистон

Як  созишнома оид ба ҳамкориҳои дӯстона миёни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Афғонистон ба имзо расид.


Тавре ба Озодагон аз Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон хабар доданд, ин созишнома дар шаҳри Кобул, аз тарафи раиси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Зафар Муҳаббатов ва ҳамтои афғони ӯ  Наими Диндор ба имзо расидааст.

Зимни ба имзо расидани созишномаи мазкур ҳар ду ҷониб ба тавофуқ расиданд, то ҳамкориҳои худро дар самтҳои табодули иттилоот ва мусоидат ба ҳамдигар, табодули таҷриба ва таҳкими тамосҳо, рушди иқтидор ва тавоноӣ, ироаи таҷҳизот ва маводи башардӯстона ва омӯзиши имкони роҳандозии барномаҳои муштарак густариш диҳанд.

Баъдан ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон вобаста ба ниёзҳои Ҳилоли Аҳмари Афғонистон бо пуштибонии ҳукумат ва маблағгузорон имкони ироаи ёриҳои фаннӣ ва омӯзиширо ҷустуҷӯ хоҳад кард.