Дар Суғд аз кӯшиши интиқоли маводи мухаддир пешгирӣ шуд
Дар доираи баргузории амалиёти «Кӯкнор-2012», Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд кӯшиши боз як интиқоли маводи мухаддирро пешгирӣ кардаанд.
Тавре сухангӯи Агентии мубориза бо маводи мухаддир Бобоҷони Шафеъ ба Озодагон хабар дод, кормандони оперативии РАНМН хабари фаврӣ гирифта, маълум кардаанд, ки як нафар нашъаҷаллоб аз ҷануби кишвар, аз шаҳрванди Афғонистон маводи мухаддирро дар ҳаҷми ниҳоят калон харидорӣ карда, бо мақсади ба кишварҳои ИДМ равон намудан ба ҳудуди вилояти Суғд оварда, як қисми онро дар хонаи иҷора, дар шаҳри Хуҷанд ва қисми дигарашро дар шаҳри Истаравшан пинҳон кардааст.
Бино ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи амалиёт дар хонаи иҷора, дар шаҳри Хуҷанд истиқоматкунандаи 36- солаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дастгир гардид. Дар вақти кофтукови хона 2 халтаи селофанӣ бо маводи хамирмонанди ранги сиёҳдошта ёфт ва мусодира карда шуд.
Тибқи хулосаи мутахассисони лабораторияи ташхиси судии раёсат маводи мусодирашуда воситаи нашъадори афюн буда, вазни он зиёда аз 3 килоро ташкил дод.
Худи ҳамон рӯз кормандони РАНМН дар вилояти Суғд чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида, дар шаҳри Истаравшан маводи пинҳонкардаи ин нашъаҷаллобро, ки қариб 1 килои он героин ва 11 килояш бангдона буд, ёфт ва мусодира карданд. Ҳаҷми умумии маводи мусодирашуда зиёда аз 14 килоро ташкил дод.
Аз рӯи ин ҳодиса шӯъбаи тафтишотии агентӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст.
Дастгиршуда ба тавқифгоҳи муваққатии РАНМН дар вилояти Суғд ворид карда шуд. Дар айни замон нисбати ин нафар тафтишот идома дорад.