баргард чоп кардан

Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон имрӯз бо «Регар-ТадАЗ» футбол мезанад

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, барои ширкат дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё (U-22) ба Малайзия сафар мекунад.

Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) иттилоъ медиҳад, ки Камол Алиспоҳич, сармураббии тими мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон, ҳайати дастаи мунтахаби ҷавононро, ки дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё (U-22) ширкат меварзад, эълон кард. Ба  ҳайати даста 23 нафар: 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомиланд.

Дарвозабонҳо: Фаррух Бердиев («Парвоз»), Мӯъминҷон Гадойбоев («Хуҷанд»), Саидҷон Саидраҳмонов («Истиқлол»), ҳимоятгарон: Сиёвуш Асроров, Наим Улмасов («Вахш»), Аҳтам Назаров («Энергетик»), Манучеҳр Аҳмадов («Хуҷанд»), Дилшод Сафармамадов, Фурӯғ Қодиров (ССКА «Помир»), Алишер Шарифов («Регар-ТадАЗ»); нимҳимоятгарон: Нуриддин Давронов («Истиқлол»), Ҷамолиддин Зардиев, Умедҷон Шарифов, Бахтиёр Қаландаров («Вахш»), Расул Файзов («Регар-ТадАЗ»), Шамсиддин Қосимов, Азимҷони Юнусзода (ССКА «Помир»), Нодирбек Маъмиров («Парвоз»), Қурбоналӣ Собиров («Зарафшон»), ҳамлагарон: Шодибек Ғаффоров («Энергетик»), Ҷаҳонгир Эргашев (ССКА «Помир»), Абдурасул Раҳмонов («Гвардия»), Фирдавсӣ Қурбонов («Истиқлол»).

Ҷамъомади таълимиву тамринии даста аз рӯзи 10-уми июн дар шаҳри Душанбе, дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ шурӯъ шуда, то рӯзи 16-уми июн идома меёбад. Ҳамчунин тибқи нақша ду бозии санҷишӣ бо дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода (12-уми июн) ва «Равшан»-и Кӯлоб (15-уми июн) гузаронида хоҳад шуд.

Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон рӯзи 16-уми июн тавассути ҳавопаймо ба воситаи Дубай вориди Малайзия хоҳад шуд.