баргард чоп кардан

Номи Худо дар Суруди миллӣ бояд бошад!

Думаи давлатии Русия берун кардани вожаи «Худо» - ро аз Суруди миллӣ (Гимни Русия) рад кард.

Лоиҳаи қонун дар бораи иваз кардани калимаи «Худо» дар сархати 12-уми Суруди милли ин кишвар - «Замини аз сӯи Худо ҳифзшавандаи азизи мо  ("хранимая Богом родная земля")» ба ҷумлаи «Замини аз азизи аз сӯи мо ҳифзшаванда ("хранимая нами родная земля")» аз сӯи  вакил аз Ҳизби коммунист Борис Кашин барои баррасӣ пешниҳод шуда буд. Борис Кашин идао дорад, ки истифодаи калимаи «Худо» хилофи сохтори дунявии давлат мебошад.

Ӯ гуфтааст, суруди миллӣ бояд ба тартиботи қонуни асосии кишвар муғойир набошад  ва принсипи иттиҳоди ҷомеаро дар асоси фаҳмишҳо ва ғояҳои аз сӯи шаҳрвандон пазируфташуда баёнгар бошад. Русия кишвари дунявӣ аст ва ҳич гуна дин наметавонад ба сифати расмӣ ва ё ҳатмӣ пазируфта шавад, хулоса кардааст ӯ.

Аммо ин тасмими  Борис Кашинро ҳатто ҳаммаслаконаш аз ҳизби коммунист дастгирӣ накардаанд, аммо Кашин гуфтааст, дар мавриди зайл гап «на дар бораи нақзи ҳаққи нафари дигар» балки «дар бораи эътирофи ҳаққи нафари дигар» меравад. Ин пешниҳоди Борис Кашин тавре садо додааст, ки танҳо барои худаш муайян будаасту бас.

Ҳамин тариқ, хушбахтона, номи мукаддаси «Худо» дар суруди миллии Русия боқӣ хоҳад монд.