баргард чоп кардан

Абдулғафури Орзу: Мо ҳеч гуна оппозитсиюни сиёсӣ дар хориҷа надорем

Фардо, рӯзи 14-уми июн дар шаҳри Кобул конфронси вазирони умури хориҷаи кишварҳои қалби Осиё, ки аз 15 давлат иборатанд, баргузор хоҳад шуд.

Дар ин бора доктор Абдулғафур Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ иброз дошт. Номбурда гуфт, дар ҳамоиши мазкур 7 тадбир, аз қабили  мубориза бо терроризум, мубориза бо ҳаводиси табиӣ, ҳамкорӣ дар заминаи  таълим, тарбия ва масоили  маориф, ҳамкориҳои фарҳангӣ, инкишофу тавсеаи тиҷорат ва ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни кишварҳои минтақа, ҳамкорӣ дар ростои сохтани зербиноҳои минтақа, муборизаи ростин ва содиқонаи ҳамаи кишварҳо бо тавилид ва қочоқи маводи  мухаддир, дар ин конфронс меҳвари кор аст.
Сафири Афғонистон илова кард, ки ҳар яке аз кишварҳои минтақа метавонанд, ҳар яке аз ин меҳварҳои 7- гонаро дар ин нишаст роҳбарӣ кунанд. Ба қавли Абдулғафур Орзу , яке аз ҳадафҳои асосии Конфронси вазирони  хориҷаи кишварҳои қалби Осиё ин ин чӣ гуна пайдо намудани эътимоди бештар  байни кишварҳои минтақа мебошад: «Чун асоси сиёсат мубтало ба эътимод аст, агар эътимод ба вуҷуд ояд, хамгироии сиёсӣ, ҳамкориҳои фарҳангиву иқтисодӣ ба осонӣ ба вуҷуд меоянд. Яъне, талош аз ин конфронс бо убур аз ҳамаи чолишҳо, мушкилиҳо ва проблемаҳое, ки миёни кишварҳои минтақа вуҷуд дорад, битавонем як эътимоди хубе пайдо шавад, то ҳамгироиҳои бештаре ба миён орем».   
-Ин ҷо мехоҳам, ду нуктаи калидиеро ишорат кунам, якум-Афғонистон як ҷумҳурии исломист, бо мӯҳтавои комилан демократӣ. Мо, ҳеч гуна оппозитсиёни сиёсӣ берун аз марзҳои Афғонистон надорем. Ҳамаи онҳое, ки нисбат ба масоили сиёсӣ назароте доранд, сохторҳои сиёсӣ, аҳзоби сиёсӣ, шахсиятҳои матраҳи сиёсӣ, ки  ҳама дар Афғонистон ҳастанд шиорашон як аст- чӣ гуна метавон сулҳу субот ва амниятро дар минтақа ба вуҷуд овард. Нуктаи дувуме, ки мехоҳам ишора кунам ин аст, ки Конфронси вузарои хориҷаи кишварҳои қалби Осиё нишондиҳандаи сиёсати хориҷаи чандҷонибаи Афғонистон аст,-гуфт дипломати афғон.    
Ёдрас менамоем, кишварҳои Афғонистон, Эрон, Покистон, Тоҷикистон , Қазоқистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбакистон, Ҳиндустон, Туркия, Чин, Русия, Арабистони Саудӣ ва Аморати Муттаҳидаи Араб дар ин ҳамойиш ширкат карданианд.