баргард чоп кардан

Созандагони Ватан дар шимоли Тоҷикистон аз ифротгароӣ ҷилавгирӣ мекунад

«Созандагони Ватан» дар ҳамҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Мотикон» дар Исфара бо ҳузури беш аз 250 нафар наврасон ва ҷавонони шаҳру деҳот конфронси илмӣ-амалӣ доир кард.

Тавре хабарнигори маҳаллии Озодагон аз ин минтақа иттилоъ дод, ҳамойиши мазкур таҳти унвони «Рушди таҳаммулпазирӣ ва пешгирии ифротгароӣ дар байни ҷавонон» баргузор гашт.
Аснои конфронс, Абдумуталиб Шарифов, муовини раиси ҲХДТ дар Исфара, Гулчеҳра Шоимқулова, омӯзгор, Маъруфхӯҷа Бузрукхӯҷаев, корманди ҳукумати ноҳия, Аҳмад Қозиев, роҳбари ташкилоти ҷамъиятӣ ба сухан баромада, масоили марбутаро ба баррасӣ гирифтанд. Аз ҷумла зикр гашт, ки дар ҷаҳони муосир таҳаммулпазирӣ асоси пешравиҳо буда, яке аз воситаҳои пешгирии зиёдшавии ҷангу зиддиятҳо ва нигоҳ доштани муносибати ҳамзистии осоишта миёни халқу қавмиятҳо мебошад.
- Инчунин маҳз туфайли пешгирии ҷавонон аз ифротгароӣ, мо метавонем кишварро аз вартаи нобудшавӣ дар оянда эмин дорем ва барои бундёкориву созандагӣ қадами шоиста гузорем,-ёдрас гардид дар чорабинӣ.