баргард чоп кардан

ВМ ва Гвардияи миллӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ озод гардиданд

Вазорати мудофиа ва Гвардияи миллии Тоҷикистон барои воридоти техникаи ҳарбӣ ва агрегатҳои асосӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, яроқ, муҳимоти ҷангӣ, воситаҳои махсус барои таъмири чархболҳо ва дигар лавозимоти муҳими ҳарбӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод шуданд.

Дар ин бора имрӯз, 13-уми июн вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон    дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюм ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012» иловаҳо ворид намуданд.
Бино ба гуфти Сафаралӣ Наҷмиддинов, ин тадбир бо мақсади иваз намудани таҷҳизоти кўҳна бо таҷҳизоти муосир, баланд бардоштани сатҳи хизмати ҳарбӣ ва таъмини эҳтиёҷоти сохторҳои қудратии кишвар бо лавозимоти махсуси ҳарбӣ андешида шудааст. -Ин имкон медиҳад, ки таъмини вазифаҳои ба зиммаи кормандони Вазорати дифоъ ва Гвардияи миллии ҷумҳурӣ гузошташударо боз ҳам тақвият бахшанд. Аз ин рў Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим доштани масъалаи мазкурро ба инобат гирифта, озод намудани воридоти таҷҳизот ва техникаҳои низомиро аз пардохти гумрукӣ ба баррасии парлумон ироа намуд,-афзуд Наҷмиддинов.