баргард чоп кардан

Варзишгарони навраси қаҳрамон аз дастаи «Нуробод»

Тими «Нуробод»-и ҶТ дар мусобиқаи кушоди Русия оид ба футбол миёни дастаҳои ятимхонаҳо ва мактаб-интернатҳо дар ҷоми «Оянда аз ту вобаста аст» соҳиби медали биринҷӣ шуданд.

Имсол дар бозии ниҳоӣ, ки тибқи анъана дар Сочӣ баргузор шуд, барои ғолибият дусад футболисти ҷавон аз Русия ва кишварҳои хориҷ сабқат карданд. Тоҷикистонро дар бозии ниҳоӣ ду даста:  кўдакони ноҳияи Ҷомӣ (дар гурӯҳи болоӣ) ва  Нуробод (дар гурӯҳи поёнӣ) муаррифӣ карданд.
Тавре Шаҳноз Комилзода, менеҷери ширкати МегаФон-Тоҷикистон ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, варзишгарони наврас аз Нуробод дар ин мусобиқа барои ҷои сеюм бо дастаи Осетияи Ҷанубӣ вохӯрданд. Дар оғози мусобиқа ҳисоб 0:1 бар фоидаи дастаи ҳариф идома мекард, вале дар охир, футболбозони тоҷик тавонистанд дар дақиқаҳои охир ду тӯб зананд ва сазовори медали биринҷии Чемпионат шуданд.   
Дар танаффуси  байни мусобиқаҳо бачаҳо дар мастер-класс, ки
варзишгарони клуби футболи «Ростов»  Хорен Байрамян ва Магомед Қурбонов гузарониданд, иштирок карданд. Рекордгузори Китоби рекордҳои Гиннес Виктор Тсарев ба футболистони ҷавон оиди такмили техникаи идора кардани тӯб маслињатњои муфид дод.
Кӯдакон дар баробари мусобиқаҳои футбол ва машқу тамринҳои ҷиддӣ, имкони истироҳат низ доштанд: онҳо аз океанариуми Сочӣ боздид карда, дар Баҳри Сиёҳ оббозӣ карданд, дар бозиҳо ва викторинаҳои гуногун низ иштирок намуданд.
Хотиррасон мекунем, ки ин Чемпионат аз солҳои 2005–2006 дар Санкт-Петербург оғоз шуда  – аз аввал дар он дастаҳои пойтахтҳои мадании Русия  иштирок мекарданд. Дар ҳафт сол география ва рӯйхати иштирокчиёни мусобиқа қариб даҳ маротиба зиёд шуд.  Имрӯз  Чемпионат тамоми Русия аз Калининград то Шарқи Дур ва инчунин мамлакатҳои хориҷи наздикро дар бар мегирад.  Дар муддати ин солҳо дар марҳилаҳои интихобӣ ва бозиҳои финалӣ зиёда аз панҷ ҳазор кӯдак аз сесад ятимхона ва мактаб-интернатҳо иштирок кардаанд.