баргард чоп кардан

«Кишварҳои қалби Осиё» масоили ҳамкориро баррасӣ доранд

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон, рӯзи 13 июн ба манзури ширкат дар конфронси вузарои хориҷаи "кишварҳои қалби Осиё" ба Кобул сафар кард.

Дар ин ҳамойиш, ки имрӯз, 14 июн дар шаҳри Кобул оғоз гардид, вазирони корҳои хориҷаи 15 "кишвари қалби Осиё" ва чанд кишвари пешрафтаи ҷаҳон масоили марбут ба вазъи амниятӣ дар Афғонистон ва бозсозии иқтисоди ин кишварро баррасӣ мекунанд.
Абдулғафур Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, пештар гуфта буд, ки "кишварҳои қалби Осиё" як мафҳуми тоза ва ҷуғрофиёи нав буда, Афғонистон, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбакистон, Ҳинд, Туркия, Чин, Русия, Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Араб  аз ҷумлаи ин кишварҳо маҳсуб мешаванд. Ба гуфтаи дипломати афғон таҳкими эътимод миёни кишварҳои минтақа аз аҳдофи аслии ин ҳамоиш буда ва гиреҳ хӯрдани манофеъи кишварҳо аз муҳимтарин омили эътимодсозӣ маҳсуб мешавад.
Дар назар аст дар ҳамоиши Кобул ҳамчунин намояндагони ИМА, Бритония, Олмон, Ҷопон, Австралия, кишварҳои дигари аврупоӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат намоянд.
Конфронси қаблӣ дар моҳи ноябри соли гузашта дар шаҳри Истанбули Туркия баргузор шуда ва дар ин ҳамоиш тарҳҳои бузурги бунёди лӯлаи газ аз Туркманистон ба Покистону Ҳинд, лӯлаи гази Туркманистон ба Тоҷикистон ва Чин, хатти барқи CASA-1000, эҳдоси роҳҳои нақлиётгарл аз Осиёи Марказӣ ба Эрон мавриди омӯзишу арзёбӣ қарор гирифта буд.