баргард чоп кардан

Карзай: Қалби Осиё барои раҳоӣ аз терроризм ниёз ба ҳамкориҳои минтақаӣ дорад.

Мулоқоти вазирони умури хориҷаи кишварҳои «қалби осиёӣ» бо ҳузури намояндагони беш аз 40 кишвар, аз ҷумла мақомоти олирутбаи шаш кишвари ҳамсояи Афғонистон ва ҳашт кишвари минтақа рӯзи гузашта дар Кобул ҷараён гирифт.

Президенти Афғонистон нахустин суханрон дар нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои қалби Осиё буд, ки ин ҳамойишро ифтитоҳ кард.
Ҳомид Карзай дар ин нишаст, ки ва таври зинда аз телевизиюни давлатии Афғонистон пахш мешуд, изҳор дошт: нишасти мақомоти кишварҳои қалби Осиё дар Кобул, идомаи конфронси Истомбул аст, ки дар ҳимоят аз Афғонистон баргузор шуда буд.
Раиси ҷумҳури Афғониcтон гуфт: қалби Осиё барои раҳоӣ аз терроризм ва ифротгарой ниёз ба ҳамкориҳои минтақаӣ дорад ва кишварҳои минтақа ҳамагӣ бояд дар ин амр бо Афғонистон ҳамкорӣ кунанд. Вай бо ишора ба Шурои Олии сулҳи Афғонистон, ки 2 соли пеш ба раҳбарии Бурҳониддин Раббонӣ оғоз ба кор кард, гуфт: ҳар кишваре ба шакле масъулият дорад, то барои таъмини сулҳ дар Афғонистон талош кунад, зеро сулҳ дар Афғонистон, сулҳ дар минтақаро ба дунбол хоҳад дошт.
Раиси ҷумҳури Афғонистон дар идома таъкид кард: Салоҳиддин Раббонӣ, раисии феълии Шӯрои Олии сулҳи Афғонистон, дар оянда ба Арабистон хоҳад рафт ва сипас аз Покистон дидор хоҳад кард.
Карзай бо баёни инки Афғонистон тавониста аст тавозун дар равобит бо кишварҳоро ҳифз кунад, хостори идомаи ҳамкориҳои Покистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон бо Афғонистон шуд.
Раиси ҷумҳури Афғонистон дар ин нишаст ба кумакҳои Ҷумҳури исломии Эрон ба Афғонистон низ ишора кард ва гуфт ки мо хостори густариши бештари равобит бо Ҷумҳури исломии Эрон ҳастем.
Вай бо таъкид бар ин ки раванди вогузории масъулиятҳои амниятӣ аз хориҷиҳо ба нерӯҳои афғон дар соли 2013 мелодӣ такмил хоҳад шуд, таъкид кард: бо такмил шудани марҳилаи сеюми интиқоли масъулиятҳо, 75% аз ҷамъияти Афҷонистон таҳти пушиши барномаҳои амниятии неруҳои афғон қарор хоҳад гирифт.
Раиси ҷумҳури Афғонистон конфронси Тoкиoро барои Афғонистон бисиёр муҳим хонд ва гуфт ки ин конфронс барои рушди иқтисодии Афғонистон баъд аз соли 2014 баргузор мешавад.
Вай ба равобити стротегии Афғонистон бо дигар кишварҳо низ ишора кард ва гуфт: имзои паймонҳои стротегӣ бо кишварҳои ғарбӣ наметавонад боиси коҳиши равобит бо кишварҳои минтақа ва ҳамсоя шавад.