баргард чоп кардан

«СМТ» дар панҷ сол пешрафт ҳам дошт, мушкил ҳам

«Мо ва мухлисони ТВ «СМТ» мушкилоти фаннӣ ҳам дорем, ки ин мушкилоти «СМТ» нест, ин мушкилоти ҳукумат аст.

Зинатуллоҳи Исмоил, муассис ва директори ин шабака мегӯяд, ростӣ ки ин мушкилот, мушкилоти Хадамоти давлатии алоқаи Тоҷикистон  ва сохторҳои дигаре ҳаст, ки онҳо наметавонанд, як шабакаеро, ки ғайриқонунӣ фаъолият дорад (шабаки ОРТ-и Русия) дар кишвар ва барномаҳои телевизиони бегонаро тӯли 24 соат пахш мекунад аз он пешгирӣ кунанд:
«Дар баробари ин намехоҳанд, ба мо басомади дигареро диҳанд, то ин ки мо хуб дар он фаъолият карда тавонем. Мо кӯшиш дорем, ки бо тарҳҳои дигар пеш аз ҳама мушкилоти фаннии «СМТ»-ро рафъ намоем ва орзуи дигар ин аст, ки барои моҳвораӣ намудани СМТ кӯшиш карда истодаем, ки онро амалӣ намоем. То ин ки мардум тавонанд, аз берун ҳам аз вуҷудияти як чунин шабакаи мустақил огоҳи дошта бошан. Аз воқеияти кишварашон аз нигоҳи журналистони мустақил ошнои пайдо карда тавонанд…

Тафсилоти бештар дар ин бора зери ин линк маҳфуз аст: https://ozodagon.tj/sr/item/16477