баргард чоп кардан

Муҷассамаи «пора» бунёд мешавад. Ҷойиза 10 ҳазор $

Масъулини Санкт-Петербург, пойтахти шимолии Русия, тасмим гирифтаанд, то дар ин шаҳр муҷассамаи “пора” ё худ “фасод” сохта шавад.

Аллакай барои беҳтарин лоиҳаи муҷассамаи “фасод” озмун эълон карда шудааст.
Ин муҷассама “Сагбачаи ғаюр” ном хоҳад гирифт ва бино ба тахайюлоти ташкилкунандагони озмун бояд қудрат ва нобуднашавандагии порагириро инъикос намояд, мегӯяд сарвари ҳакамони ин озмун Анатолий Белкин.
Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд, дар ин озмун ширкат намоянд. Бино ба маълумоти расонаҳо озмун дар 3 давра сурат пазируфта, даври аввал аллакай шурӯъ шудааст. Ғолиби озмун ба миқдори 350 ҳазор рубл муодили бештар аз 10 ҳазор доллар интизор аст. Баъдан барои қоматафрозии муҷассама иловатан 1 миллион рубли дигар масраф хоҳад гашт.
Ёдовар мешавем, ки ибораи “порагирии сагбачаи ғаюр” дар мардуми рус аз асари Николай Гогол “Ревизор” ворид шудааст, ки яке аз қаҳрамонони асар Ляпкин-Тяпкин маҳз ҳамчун пора сагбачаҳои ғаюрро мегирифт.
Дар ҳамин ҳол, матбуоти Русия ҳафтаи гузашта аз афзойиши ҳаҷми миёнаи пора аз 61 ҳазор то ба 300 ҳазор  рубл хабар додаанд.