баргард чоп кардан

Футболбозони ҷавони Тоҷикистон дар Малайзия

Футболбозони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё (U-22) дар  гурӯҳи С бо тимҳои Баҳрайн (23-юми июн), Ҷазоири Молдив (25-уми июн), Кувайт (28-уми июн), Эрон (1-уми июл) ва Қатар (3-юми июл) рақобат хоҳанд кард.

Дар ин бора Фаридун Солиев, сухангӯи ФФТ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод. Бино ба қавли ӯ, дар ҳоли ҳозир тими мунтахаби футболбозони ҷавони Тоҷикистон дар Малайзия қарор дошта, тамриноти худро шурӯъ кардаанд.
Мавсуф гуфт, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аз инҳо иборат аст:
Фаррух Бердиев («Парвоз»), Мӯъминҷон Гадойбоев («Хуҷанд»), Саидҷон Саидраҳмонов («Истиқлол»)- дарвозабонон;
Сиёвуш Асроров, Наим Улмасов  («Вахш») , Аҳтам Назаров («Энергетик»), Манучеҳр Аҳмадов («Хуҷанд»), Дилшод Сафармамадов, Фуруғ Қодиров ( ССКА «Помир»), Алишер Шарифов («Регар-ТадАЗ»)-ҳимоятгарон;
Нуриддин Давронов («Истиқлол»), Ҷамолиддин Зардиев, Умедҷон Шарифов, Бахтиёр Қаландаров (ҳама – «Вахш»), Расул Файзов («Регар-ТадАЗ»), Шамсиддин Қосимов, Азимҷони Юнусзода (ССКА «Помир»), Нодирбек Маъмиров («Парвоз»), Қурбоналӣ Собиров («Зарафшон»)-нимҳимоятгарон;
Шодибек Ғаффоров («Энергетик»), Ҷаҳонгир Эргашев (ССКА «Помир»), Абдурасул Раҳмонов («Гвардия»), Фирдавсӣ Қурбонов («Истиқлол»)- ҳамлагарон.
Камол Алиспоҳич (мутахассиси босниягӣ) бошад, сармурабии тими мунтахаб аст.