баргард чоп кардан

Таърихи баргузории бозиҳои мавқуфмондаи Лигаи олӣ

Федератсияи футболи Тоҷикистон таърихи баргузории бозиҳои мавқуфмондаи мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистонро муайян кард.

Бозиҳои давраи аввали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ, ки бо далели ширкати футболбозони баъзе клубҳо дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ ва иштироки онҳо дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё (U-22) дар Малайзия ба мӯҳлати дертар гузаронида шуда буд, аз 11-ум то 28-уми июл баргузор мешавад.

11-уми июл:
Бозиҳои даври 9-ум
«Вахш» - «Истиқлол»
«Парвоз» - «Энергетик»
ССКА «Помир» - «Хайр»

17-уми июл:
Бозии даври 10-ум
«Хайр» - «Вахш»
Бозии даври 11-ум
ССКА «Помир» - «Энергетик»

21-уми июл:
Бозии даври 11-ум
«Вахш» - «Равшан»
Бозии даври 12-ум
«Гвардия» - ССКА «Помир»

25-уми июл:
Бозии даври 12-ум
«Энергетик» - «Вахш»
Бозии даври 13-ум
ССКА «Помир» - «Парвоз»

28-уми июл:
Бозии даври 13-ум
«Вахш» - «Гвардия»

Оғози ҳамаи бозиҳо соати 17:30