баргард чоп кардан

Бодиринг ҳам 2 маротиба қимат шудааст. Аз гӯшт қафо

Тайи як соли охир маҳсулоти сабзавот аз ҷумла бодиринг дар бозорҳои пойтахт 2 маротиба боло рафтааст, айни ҳол дар бозорҳои пойтахт ба ҳисоби миёна нархи бодиринг 3 сомонию 68 дирамро ташкил медиҳад.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, ин дар ҳолест, ки моҳи июни соли гузашта як кило бодиринг 1 сомонию 25 дирам дар нуқтаҳои савдо фӯрухта  мешуд.
Ба иттилои манбаъ, аз ҳама нархи арзони бодиринг дар бозори  "Деҳқон"  мушоҳида шуд,  ки бо нархи  3 сомони ба фурӯш гузошта шудааст. Ин нишондод дар нуқтаҳои сабзавотфурӯшии  бозорҳои  «Саховат» ва «Варзоб» ба 3 сомону 50 дирам баробар мебошад.
Инчунин манбаъ афзуд, ки аз ҳама нархи гарон дар бозори «Шохмансур» мушоҳида карда шуд, ки як кило бодиринг  4  сомониро ташкил медод.
Феълан, дар  бозорҳои кишвар мушоҳида мешавад, ки нарҳи себ 50%, биринҷ 51%, гӯшти гову гӯсфанд  40% боло рафтааст.