баргард чоп кардан

Ҳофизони беҳтарини «Қуръон» ба Душанбе меоянд

Озмуни қуръонхонон байни намояндагони кишварҳои ИДМ дар Душанбе баргузор мегардад.

Атовулло Қосимов, як масъули Маркази исломии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо хабаргузории Озодагон гуфт, барои баргузории чунин озмун кумитаи тадорукот таъсис шудааст ва он рӯзҳои 5-6 июл сурат мепазирад.
Ба қавли манбаъ, аз ҳар як кишвари ҳамсуд ба ин озмун се нафар қуръонхон даъват шудаанд: «То ҳол бештари кишварҳои ҳамсуд, ба ҷуз аз Белорус, барои иштироки намояндаҳои худ ба ин озмун омодагии худро изҳор доштаанд. Аз бархе ҷамоҳири худмухтори Русия, назири Чеченистон, Доғистон ва Тотористон, теъдоди бештари қуръонхонон даъват шудаанд.  
Маврид ба ёдоварист, тайи чанд соли ахир теъдоде аз қуръонхонони ҷавони тоҷик дар бархе аз озмунҳои байналмилалӣ дар Миср, Тотористон ва Чеченистон ширкат карда ва пирӯз шудаанд.