баргард чоп кардан

Мубориза алайҳи террористон тақвият меёбад

Дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, ки имрӯз дар Душанбе баргузор шуд, 21 масъала баррасӣ ва қабул гардид.

Тибқи иттилои дафтари матбуотиии МН, вакилон пас аз тасдиқи рӯзномаи ҷаласа, нахуст лоиҳаи Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намуданитағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро баррасӣ ва қабул намуданд.
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Сайфулло Гиёев роҷеъ ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ доир ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм таҳия шудааст.
Сипас, лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ», «Дар бораи милитсия», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ», «Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо мақсади дар доираи имкониятҳои Буҷети давлатӣ ба танзим даровардани пардохти кӯмакпулиҳои яквақта барои хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, прокурорҳо, муфаттишон, хизматчиёни ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳия ва пешниҳод гардидааст, қабул шуданд.
Ҳамзамон, вакили Маҷлиси намояндагон Меҳроҷиддин Ҳакимов ва вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов зимни муаррифии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» изҳор доштанд, ки  бо тағйир ёфтан ва инкишофи шаклҳои моликият дар ҷумҳурӣ, даст кашидан аз иқтисодиёти нақшавӣ ва гузариш ба иқтисодиёти бозаргонӣ, талабот ба касбу ҳунарҳои гуногунро ба вуҷуд оварда, ҳамзамон ба ташаккули бозори меҳнат дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд, ки он яке аз рукнҳои асосии таъмини рушди иқтисодиёти кишвар ва талаботи шаҳрвандон ба неъматҳои моддӣ мебошад.