«KAZNEX INVEST» бозори дохилии Тоҷикистонро ҷолиб унвон кард
Ширкати «KAZNEX INVEST» -и Қазоқистон бозори дохилии Тоҷикистонро барои ҳамкориҳо ҷолиб хонда, ҳамкориҳои бештарро бо кишвари мо яке аз самтҳои афзалиятноки робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ унвон кард.
Аз Палатаи савдо ва саноат ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ки «KAZNEX INVEST» қасд дорад аз миёни доираҳои соҳибкории Қазоқистон ҳайати вакилони тиҷоратӣ ташкил намуда, аз 4 то 6-уми июли соли равон ба шаҳри Душанбе сафари корӣ анҷом диҳад: «Ҳамчун вохӯрии доираҳои соҳибкорӣ бо иштироки корхонаҳо ва намояндагони сохторҳои давлатии Қазоқистон ва Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи кори ҳайати вакилони тиҷоратӣ мулоқоти дуҷониба байни корхонаҳои Қазоқистон ва корхонаҳои Тоҷикистон, ки барои хариди молҳои Қазоқистон таваҷҷӯҳ доранд, дар назар аст».
Манбаъ мегӯяд, дар чорчӯби вохӯрии соҳибкорон гузаронидани презентатсияҳои ширкатҳо, доир кардани вохӯриҳо бо намояндагони сохторҳои давлатӣ ва расми тасвиби созишномаву шартномаҳо пешбинӣ шудааст.