баргард чоп кардан

Маҳсулоти Тоҷикистон ба бозори Аврупо ворид хоҳад шуд

Барои сармоягузорӣ дар бахшҳои иқтисодиёти Тоҷикистон омодаем.

Дар ин бора зимни мулоқоти муовини аввали вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров бо ҳайати расмии сенати парлумони ҷумҳурии Чехия таҳти сарварии муовини якуми райиси парлумони ин кишвар ҷаноби Пржемисл Соботка иброз гардид.Тибқи иттилои дафтари матбуотии вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон Соботка гуфтааст,Чехия ҷиҳати  мусоидат барои паҳнкунии маҳсулоти тоҷикӣ дар бозори аврупоӣ омодааст.

Зимнан, дар ин нишаст масоили густариши муносиботи иқтисодӣ, дурнамо ва тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, вазъият дар минтақа ва Афғонистон   мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Соботка дар ҳузури муовини аввали вазири хориҷаи Тоҷикистон зикр кард, ки миёни ду кишвар ҳамкориҳои зич аз давраи Иттиҳоди Шуравӣ барқарор шудаанд ва Чехия аз вақти раёсаташ дар Иттиҳоди Аврупо дар соли 2009  тавсеа додани муносибатҳои иқтисодиро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистонро аз самтҳои асосии сиёсати хориҷаи худ қарор додааст.

Дар ин мулоқот ба ҷузъ ҷаноби Соботка сафири ҷумҳурии Чехия дар Тоҷикистон Роберт Копетски, раиси кумитаи оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, кишоварзӣ ва нақлиёти сенати Чехия  Ян Ҳайда низ ширкат доштанд.