Молодиевский: Беш аз 18 ҳазор муҳоҷири тоҷик патенти кор гирифтанд
Тайи 5 моҳи ахир дар қаламрави вилояти Маскав ҳудуди 18,5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кор патент гирифтанд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 31% зиёдтар аст. Ин нуктаро Олег Молодиевский, сардори раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар вилояти Маскав зимни мулоқот бо Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон иброз дошт. Ин мулоқот дар шаҳри Душанбе сурат пазируфт.
Тавре аз Хадамоти муҳоҷират ба Озодагон иттилоъ доданд, Олег Молодиевский ҳамчунин афзуд, ки айни замон дар мақомоти муҳоҷирати вилояти Маскав беш аз 180 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд. Ба қавли номбурда беш аз 18 ҳазор нафари онҳо барои кор иҷозатнома дарёфт кардаанд, ки нисбат ба соли гузашта 15,4% зиёд аст. Молодиевский ҳамчунин ба зарурати мусоидат ба муҳоҷирони кории тоҷик дар масъалаи расмиёти гирифтани аснод барои кор дар Русия таъкид кардааст: «Бо ин мақсад пеш аз сафар ба Русия миёни муҳоҷирон баргузор намудани корҳои шарҳу тавзеҳи ҳуқуқҳои онҳо дар кишвари бегона ва қонунгузории он кишвар мувофиқи мақсад аст»,-илова кард манбаъ.
Зимнан, сардори Хадамоти муҳоҷират дар навбати худ оид ба вазъи кунунии муҳоҷират дар Тоҷикистон маълумот дода, қайд намудааст, ки дар муддати кӯтоҳи фаъолияти Хадамоти муҳоҷират дар самти санадҳои меъёриву ҳуқуқии шаҳрвандон, ки масоили ба танзимдарории раванди муҳоҷирати меҳнатиро дар бар мегирад, як қатор созишномаҳои байниҳукуматӣ тартиб дода, ба имзо расонида шуд. Бино ба иттилои манбаъ, мақсад аз сафари ҳайати Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар вилояти Маскав ба Тоҷикистон, батанзим даровардани кори муштараки РХФМР дар вилояти Маскав ва Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон барои расонидани кӯмак ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар амри дуруст ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо оид ба қонунӣ гардонидани муҳоҷирати меҳнатӣ дар қаламрави Русия мебошад.