баргард чоп кардан

Мушкили муҳоҷиронро бо имзои қарордоди сеҷониба ҳал карданиянд

Муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Тоҷикистон, ҳангоми дар муҳоҷират будан бояд қоидаҳои шариати исломиро риоя намоянд, аз зану фарзандонашон фаромӯш накунанд ва ҳамеша бо онҳо дар тамос буда, мувозибат намоянд. Ин нуктаро Саидмукаррами Абдуқодирзода, раиси Маркази исломии  Тоҷикистон зимни мулоқот бо масъулини Хадамоти муҳоҷирати кишвар иброз дошт.

Тавре аз хадамоти мазкур ба мо иттилоъ доданд, аснои нишаст тамоми паҳлӯҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, аз қабили омодагии пеш аз сафар, тайёрии касбомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ, забономӯзӣ, донистани тамаддуну фарҳанги давлати будубош ва риояи қонуну қоидаҳои давлати бокортаъминкунанда матраҳ шудаанд. Роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират қайд намуд, ки ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ шаҳрвандон, ба вижа ҷавонон бояд касбу ихтисоси замонавӣ (ихтисосҳои талаботи бозори меҳнати давлати қабулкунанда)-ро дошта, забони давлати будубошро ҳатман донанд.
Масъулини Кумитаи кор бо дини назди Ҳукумати Тоҷикистон дар навбати худ иброз доштанд, ки дар ҳалли масоили мазкур, яъне муҳоҷирати меҳнатӣ дастаҷамъона бояд аз баъзе ҳолатҳои номатлуб ҷилавгирӣ шавад: «Ҳамаи вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ҷиҳати танзими муҳоҷирати меҳнатӣ бояд саҳмгузорӣ ва мавқеъгирӣ намоянд».
Бино ба иттилои сарчашмаи хабар, ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки барои беҳтар шудани фаъолият дар ҳалли масъалаи мазкур ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣ байни омма, бояд Созишномаи сеҷониба байни Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Тоҷикистон, Кумитаи кор бо дин ва Маркази исломии Тоҷикистон баста шавад.