баргард чоп кардан

Барқи худиро монда Тоҷикистон ваъдаи фурӯши барқи қирғизиро додааст

Тоҷикистон дар ҳоле, ки инфрасохтори зарурии интиқоли барқи зиёдатии худиро надорад, ба Қирғизистон ваъда додаст, ки интиқоли барқашро ба Афғонистон таъмин хоҳад кард.

Омурбек Бабанов, сарвазири Қирғизистон ахиран изҳор дошт, ки Тоҷикистон розигиашро барои интиқоли барқи қирғизӣ тавассути ҳудудаш ба Афғонистон баён доштаст.
Масъулини «Барқи тоҷик» изҳор медоранд, ки эҳтимол сухан дар бораи он меравад, ки Қирғизистон барқро ба шимоли Тоҷикистон интиқол дода, «Барқи тоҷик» ҳаҷми гирифтаро аз марказ ба Афғонистон медиҳад. Сарвазири Қирғизистон барои аниқ кардани ҷузъиёти интиқоли барқ ба Афғонистон тавассути Тоҷикистон ба Вазорати энергетика ва саноати кишвараш супориш додаст, то ҳар чи тезтар гуфтушунидро оғоз намоянд.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон ҳам барқи зиёдатӣ дошта, бо далели он ки роҳи интиқоли онро ба Афғонистон намеёбад, соли сеюм аст, ки ҳудуди 5 миллиард килловат қувваи барқ ҳар тобистон ба «об» меравад. Танҳо охирҳои тобистони соли гузашта, баъди ба истифодадиҳии хати интиқоли барқи Сангтӯда - Пули хумрӣ имкони дар ҳаҷми нисбатан бештар фурӯши барқ ба Афғонистон пайдо шуд. Аммо ба гуфтаи коршиносон иқтидори ин хат ҳам барои интиқоли пурраи барқи барзиёди Тоҷикистон дар фасли гармо басанда нест.
Аввали баҳори соли ҷорӣ як ҳайати воломақоми энергетикҳои Тоҷикистон дар шаҳри Кобул бо масъулини афғон ба мувофиқа омадаанд, ки таи фасли гармо 608 миллион киловатт/соат нерӯи барқро ба Афғонистон хоҳанд фурӯхт.
Нархи як киловатт нерӯи барқи Тоҷикистон  барои Афғонистон имсол 3,57 сент сари як киловатт муайян шудаст, ки дар муқоиса бо соли гузашта 0,07 сент қимматтар аст.