баргард чоп кардан

Ғорати як сарроф дар Душанбе

4300 доллари амрикоӣ аз як нуқтаи мубодилаи асъор ба яғмо рафт.

Тавре аз ВКД ба Озодагон иттилоъ доданд, дар ин бора Абубакр Ҳозирови 23-сола, сокини кӯчаи Деҳи Боло, ки дар кӯчаи Шевченко-105 нуқтаи ивази асъор доштаааст, муроҷиат намудааст.
Ба гуфтаи Абубакр Ҳозиров, ду рӯз қабл аз ин, тахминан соати 15:00 дақиқа, шахси номаълум бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, барои иваз кардани пули тоҷикӣ ба хориҷӣ аз ӯ 4300 доллари амрикоӣ гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Феълан,  барои муайян ва дастгир кардани ҷинояткор чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ давом дорад.
Ёдовар мешавем, аввали моҳи равон (11-уми июн) ду шахси мусаллаҳ ба ду корманди нуқтаи мубодилаи асъор, ки аз хонаашон дар кӯчаи Амиршоеви шаҳри Душанбе берун мешуданд, дарафтода, 90 000 доллар ИМА-ро тасарруф намуда буданд.