баргард чоп кардан

«Ваҳдат» дар Кадучии Восеъ, аммо бо таъкид ба саҳми як ҷониб

Барои нахустин маротиба аст, ки ҷашни Ваҳдати миллӣ на дар маркази ноҳия, балки дар як ҷамоати деҳот бо шукӯҳу тантана доир гардид.

15-умин солгарди Ваҳдати миллиро сокинони ноҳияи Восеъ дар маркази ҷамоати деҳоти ба номи Вайсов, рустои Кадучӣ ҷашн гирифтанд. Дар маросими ҷашн Султон Валиев, раиси ноҳия баромад карда  аз хизмати ҳукумати кунунӣ дар мавриди расидан ба ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу субот миёни ду ҷониби даргир суханронӣ намуд. Аммо дар мавриди даст доштан ба сулҳ ва саҳми мухолифини ҳукумат таъкид нагардид.
Дар рӯзи ҷашни Ваҳдат рустои Кадучӣ ва Дашти Дилӣ, ки солҳои зиёд танқисӣ аз оби истеъмолӣ доштанд, шодоб гардид. Тибқи иттилои Насруллоҳ Саидов, раиси ҷамоати ин деҳот, ташаббускор ва маблағгузори ин кори хайр се тан аз соҳибкорони маҳаллӣ будаанд. Эшон дар якҷоягӣ 2 чоҳи оби зеризаминӣ аз масофаи 100 ва 173 метр канда, 4-чоҳи кӯҳнаро аз  нав барқарор намуда, 4 пойгоҳи  обкашӣ ва беш аз 10 километр қубури нав гузаронида, зиёда аз 50 нуқтаи обдиҳӣ бунёд карданд. Бо ба истифода додани хати оби нӯшокӣ, беш аз 10 ҳазор аҳолии ин ду русто дигар аз камбуди оби нӯшокӣ танқисӣ намекашанд.