Маоши миёна дар Тоҷикистон 12 фоиз камтар шудааст
Тибқи иттилои расмӣ маоши миёна, ки моҳи апрели соли ҷорӣ ба кормандони кироя пардохт шудааст, 519 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳаҷми маош дар моҳи март ҳудуди 12,4 фоиз камтар мебошад.
Ба иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон дар маҷмӯъ даромади пулии мардум дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 6 миллиарду 100 миллион сомониро ташкил додаст. Ин нишондод дар муқоиса бо даромади мардум дар чор моҳи аввали соли 2011-ум наздики 30 фоиз зиёдтар мебошад.
Ҳаҷми хароҷоти мардум тайи ин муддат ба 6,6 миллиард сомонӣ расидаст. Ба иттилои агентии омори назди президенти Тоҷикистон аз 6,6 миллиард сомонӣ 55,5 фоизаш барои хариди молу хизматрасониҳо сарф шудаст. 27,5 дар сади ин маблағҳо барои пардохтҳои ҳатмӣ ва саҳмгузориҳои ихтиёрӣ равона гардидаанд.
Маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон ҳамоно 80 сомонӣ боқӣ мондааст.