Узви “Хизб-ут-таҳрир” дар Суғд барои 13 сол равонаи зиндон гардид
Одилбой Усмонов, муовини райиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ин бора ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дода гуфт, чанде қабл мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи ҷиноии сокини 45-солаи ноҳияи мазкур Бурҳонхӯҷа Абдуқодиров ба анҷом расид.
Ба қавли Усмонов, додгоҳ Абдуқодировро дар содир намудани ҷиноятҳо тибқи моддаҳои 187, қ. 2 (ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ), 189, қ. 2 (барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ), 307, қ. 2 (даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон), 307, илов. (прим.) 1, қ. 2 (даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ), 307, илов. 2, қ. 2 (ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) ва 307, илов. 3, қ. 2 (ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор дониста, ба 13 соли зиндон бо мусодираи амвол ва адои ҷазо дар зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кард.
Гуфтанист, Б.Абдуқодиров 28-уми марти соли равон аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии вилояти Суғд боздошт шуд. Ҳангоми азназаргузаронии нуқтаи фурӯши мутааллиқ ба ӯ як миқдор адабиёт ва варақаҳои дорои хусусияти ифротгароӣ дарёфт ва мусодира шуданд.
Усмонов илова намуд, ки судшаванда соли 2009 ба сафи созмони фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон манъшудаи «Ҳизб-ут-Таҳрир» шомил гардида, ба паҳн кардани варақаҳо ва таблиғоти афкори ин созмон миёни ҷомеа машғул будааст.