«Моликияти зеҳнӣ ва рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон»
Таҳти чунин унвон дар Душанбе бо иштироки масъулини ниҳодҳои давлатӣ, соҳибкорон ва намояндагони ширикатҳои ватаниву хориҷӣ ҳамоише баргузор гардид.
Дар ин нишаст, масъалаи бақайдгирии тамғаи молӣ, содда гардонидани бақайдгирии байналмилалии тамғаи молӣ ва зарурияти ба пуррагӣ ҷорӣ намудани он дар Тоҷикистон баррасӣ гардид. Масъулини маркази патентӣ ва иттилоотӣ дар ин ҳамоиш иброз намуданд, ки бақайдгирии молӣ, ҳифзи моликияти худро аз қалбакикунонӣ ва истифодаи ғайриқонунӣ нигоҳ медорад.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон бархе аз корхонаву ширкатҳое ҳастанд, ки кайҳо боз ба қайд гирифта шудаанд, вале фаъолият надоранд, ки сари ин масъла чораҷӯӣ намудан зарур аст.