баргард чоп кардан

EURO-2012: Испания қаҳрамони Аврупо

Мунтахаби Испания оид ба футбол унвони қаҳрамони Аврупоро ҳифз кард.

Дидори финалии мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо-2012 шаби гузашта, 1-уми июл дар варзишгоҳи шаҳри Киев баргузор шуд. Нахустин голи сабқат дар дақиқаи 14-ум зада шуд. Давид Силва, ҳамлагари Испания имкони хуби боз кардани ҳисобро аз даст надод. Баъдан, дар дақиқаи 41-ум Хордӣ Алба тӯби дуюми Испанияро ба нишон расонд. Нимаи дуюми бозӣ ҳам бо бартарии испаниягиҳо оғоз ва анҷом ёфт. Фернандо Торреар дақиқаи 84 ва Хуан Мата дар дақиқаи 88-ум ду тӯби дигарро вориди дарвозаи Италия карданд. Ҳамин тариқ дидор бо ҳисоби 4:0 поён ёфт.

Дар чор соли гузашта низ Испания унвони қаҳрамони Аврупоро соҳиб шуда буд.

Натоиҷи бозиҳои сабқати гурӯҳӣ:

Гурӯҳи A
08 июн, 21:00  Лаҳистон - Юнон - 1:1
08 июн, 23:45  Русия - Чехия - 4:1
12 июн, 21:00  Юнон - Чехия - 1:2
12 июн, 23:45  Лаҳистон - Русия - 1:1
16 июн, 23:45  Юнон - Русия - 1:0
16 июн, 23:45  Чехия - Лаҳистон - 1:0
Мавқеи дастаҳо: Чехия 6 имтиёз, Юнон 4, Русия 4. Лаҳистон 2.

Гурӯҳи B
09 июн, 21:00   Ҳолланд - Дания - 0:1
09 июн, 23:45   Олмон - Португалия - 1:0
13 июн, 21:00   Дания - Португалия - 2:3
13 июн, 23:45   Ҳолланд - Олмон - 1:2
17 июн, 23:45   Португалия - Ҳолланд - 2:1
17 июн, 23:45  Дания - Олмон - 1:2
Мавқеи дастаҳо: Олмон 9 имтиёз, Португалия 6, Дания 3, Ҳолланд 0.

Гурӯҳи C
10 июн, 21:00  Испания - Италия - 1:1
10 июн, 23:45  Ирландия - Хорватия - 1:3
14 июн, 21:00  Италия - Хорватия - 1:1
14 июн, 23:45  Испания - Ирландия - 4:0
18 июн, 23:45  Хорватия - Испания - 0:1
18 июн, 23:45  Италия - Ирландия - 2:0
Мавқеи дастаҳо: Испания 7 имтиёз, Италия 5, Хорватия 4, Ирландия 0.

Гурӯҳи D
11 июн, 21:00  Фаронса - Англия - 1:1
11 июн, 23:45  Украина - Швейсия - 2:1
15 июн, 21:00  Украина - Фаронса - 0:2
15 июн, 23:45  Швейсия - Англия - 2:3
19 июн, 23:45  Швейсия - Фаронса - 2:0
19 июн, 23:45  Англия - Украина - 1:0

Мавқеи дастаҳо: Англия 7 имтиёз, Фаронса  4, Украина 3, Швейсия  3.

Чорякфинал
21 июн, 23:45  №1: Чехия - Португалия - 0:1
22 июн, 23:45  №2: Олмон - Юнон - 4:2
23 июн, 23:45  №3: Испания - Фаронса - 2:0
24 июн, 23:45  №4: Англия - Италия - 0:0 (2:4 - аз рӯи пеналтӣ)


Нимфинал
27 июн, 23:45  Португалия— Испания – 00 (2:4 – аз рӯи пеналтӣ)
28 июн, 23:45  Олмон - Италия 1:2


Финал
1 июл, 23:45  Испания - Италия -4:0