баргард чоп кардан

Кашфу мусодираи беш аз 119 кило маводи нашъадори «бангдона» дар Шӯрообод

Кормандони ҳифзи ҳуқуқ зимни як амалиёт дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон миқдори зиёди маводи мухаддирро мусодира карданд.

Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, дар пайи амалиёт аз мавзеи «Гаравон»-и ҷамоати деҳоти Шӯрообод, аз пинҳонгоҳи сохтаи қочоқчиёни Афғонистон дар 5 халтаи полиетиленӣ дарёфт шудааст.  Манбаъ афзуд, зимни ташхиси лабараторӣ маълум гардид, ки  дар дохили халтаҳо 119 кило маводи нашъадори «бангдона» будааст.