Ғайбулло Афзалов: Хоҳишҳои Ленинро дар Хатлон амалӣ мекунем
Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон мегӯяд, хоҳишҳои Ленин, ки ҳанӯз солҳои 17 –уми асри гузашта заминро барои деҳқону корхонаро барои коргар гуфт айни ҳол дар Хатлон татбиқ шудаанд.
Афзалов таъкид мекунад, ки татбиқи хоҳишҳои Ленин дар Хатлон дар шакли нав, - дар шакли озоду демократӣ сурат гирифта истодааст:
«Мо деҳқонро маҷбур намекунем, ки ин ё он зироатро корад. Деҳқон худаш зироат интихоб мекунад, худаш техника меёбад, худаш сӯзишворӣ меёбад, худаш мефурӯшад».
Ғайбулло Афзалов афзуд, ки баъди гузаштан аз сохтори колективӣ, колхозу савхозҳо ба хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон баъзе мушкилот пайдо шуданд, ки марҳила ба марҳила ҳал мегарданд:
«Пештар дар 25 шаҳру ноҳияи мо ҳудуди 150 хоҷагии колективӣ буд. Айни ҳол шумораашон ба 42 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ баробар шудаст, ки қариб 70 фисади хоҷагиҳои кишварро ташкил медиҳад».
Ба бовари Афзалов ислоҳоте, ки дар бахши хоҷагии қишлоқи кишвар гузаштанд, дар Хатлон натиҷаҳои хуб дода истодаанд.