баргард чоп кардан

Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон

Баъд аз зӯҳри 7-уми июн дар шаҳри Вена Эмомалӣ Раҳмон бо раиси парлумони Австрия Барбара Прамер мулоқот кард.

Тибқи иттилои хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон дар нишаст масоили вобаста ба таҳкими заминаи ҳуқуқию қарордодии ҳамкории Тоҷикистону Австрия ва густариши робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ гардиданд.

 

Интизор меравад, имрӯз райисҷумҳури Тоҷикистон дар Вена дар Маҷмаи Ҷаҳонии Иқтисодӣ ширкат ва суханронӣ кунад. Дар нимаи дуюми рӯз боздиди президенти Тоҷикистон аз Австрия ба поён мерасад ва ӯ бо ҳайати ҳамроҳонаш ба Люксембург меравад.Дар ин ҷо мулоқоти Раҳмон бо нахуствазиру соири мақомоти раҳбарии ин кишвар дар назар аст.Рӯзи 10-уми июн бошад, ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон Люксембургро ба қасди сафари Маҷористон тарк хоҳанд кард.Боздиди расмии Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамроҳони ӯ аз кишварҳои аврупоӣ рӯзи 12-уми июн ба анҷом мерасад.