Сарам зи гармии андеша чун ба доғ омад, Панаҳ бурдам бар зери сояи тани худ. Набуд тарси ман аз марг, тарсам аз он буд, Ки ин мабод, пушаймон шавам зи зодани худ!
Ман ташнатар зи руҳи биёбонам,
Бар ҷони ман бубор, аё борон!
Аз чашми ман, ки ғамзада мурдобест
Тӯфони нав бар ор, аё борон!
Имшаб, ки духти бокира - обонмоҳ
Обистани паямбари борон аст,
Дар интизори мардуми чашмонам
Нуре зи нақши тоза намоён аст.
Бигзор дар садои Суруши ту
Ман ҳой-ҳойи гиря бапо созам,
В-аз иштиёқи гунги ғамолуде
Пироҳани сабурӣ қабо созам.
Бигзор ҳамчу соъиқа дасти ман
Печад ба даври гардани гардунҳо,
Эҳсоси поку беғаши ман яксон
Резад ба кӯҳу пуштаву ҳомунҳо.
Бигзор ман таронаи ғам гардам
Берун шавам зи ҳанҷараи боде,
Дар синаҳои хаста барангезам
Аз хотираи гумшудае ёде.
Дигар маро ниёзи фироре нест
З-ин зиндагиву шодиву озораш,
Чун омадам бар ин чамани зебо
Дил медиҳам дигар ба хасу хораш.
То тан дигар ба коми бало надҳам,
Сар мениҳам ба китфи сапедоре,
Андӯҳи хеш бо ӯ ҳамегӯям
Чун бо яке азизтарин ёре.
Хоҳем буд аз сари шом то субҳ
Дар якдигар хазида чу дилдорон,
Мо ташнаем, ташнаи ҷовидем
Бар ҷони мо бубор, аё борон!
ОҲУВОНАТуӣ, ки чун чамане рашки сад биҳишти баринӣ,
Манам, ки суйи ту хамчун ғизол раҳсипарам,
Чи ташнагӣ накашидам дар ин тамузи биёбон,
Бимон, ки дар чаманистон-т барги лола чарам.
Дар ин билод, ки ҳавмора сангборон буд,
Сарам аз он чи гумон буд сангтар омад.
Нафас ба чашм кашидам аз ин ҳавои пур аз заҳр
Чу бар гулӯи ман ин ришта тангтар омад.
Чи сангҳо, ки нахӯрдам зи дасти ғайр ба сар
Ту худ бигӯ магар аз ҳарфи рост лаб бастам?!
Ва заҳрханди яке ошно чӣ санге дошт,
Ки хамчу оина дар рӯ ба рӯш бишкастам!
Дилам, аз он чи гумон буд, поктар будаст,
Ки чун паёмбаре бар ҳама бубахшидам,
Ба-он умед, ки шӯям варо зи ранги риё
Зи рӯйи душмани худ ҳамчу дӯст бӯсидам.
Сарам зи гармии андеша чун ба доғ омад,
Панаҳ бурдам бар зери сояи тани худ.
Набуд тарси ман аз марг, тарсам аз он буд,
Ки ин мабод, пушаймон шавам зи зодани худ!
Чӣ оҳувона туро ошиқам, аё чамани сабз!
Кушо ба рӯйи ман оғӯши сабзи хеш, кушо
Бимон, ки сар биниҳам рӯйи шонаҳои сапедат
Дар он баландӣ бимирам,
Дар он баландии зебо.
* * *
Ин рӯзгор, к-ин ҳама дидам, дареғи ман,
В-он рӯзҳо, ки дар ту надидам, дареғи ман!
Он шохи гул, ки ғамзада пажмурд аз аташ,
Бар баргҳои у начакидам, дареғи ман!
Борон чӣ сӯгвор бар он дашт мегузашт,
Бо ӯ ба хоки ғам натапидам, дареғи ман!
Васвоси ишқро нахаридам зи кибри ақл
Он себро зи шоха начидам, дареғи ман!
Як ҷоми якманӣ накашидам ба иддаъо,
Як ҷома ман-манӣ надаридам, дареғи ман!
Мерехт бӯйи Равзаи Ризвон зи равзана
Атре ба коми дил нашамидам, дареғи ман!
Дар он баҳори пургулу борону абру бод
То бекаронаҳо надавидам, дареғи ман!
СИЁВУШ