баргард чоп кардан

Латукӯби мухлисони дастаи «Равшан»

Ду тан аз мухлисони дастаи «Равшан»-и Кӯлоб мавриди латукӯб қарор гирифтанд.

Тавре ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, пас аз ғалабаи навбатии тими «Равшан» бар «Энергетик» иддае аз мухлисони дастаи «Равшан»  ба кӯча баромада, бо нидоҳои «Равшан ба пеш» ва «Урра» ин пирӯзиро таҷлил мекарданд.Зимнан, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз миёни ин ҷавонон ду нафар, яке бо исми Ғиёсиддин ва дигаре Сиёвушро ҷудо карда ба шӯъбаи корҳои дохилӣ мебаранд. Дар ин ҷо сардори шӯъбаи бозрасии давлатии автомобили шаҳри Кӯлоб, майори милиса Саймумин Ҳасанов ва нозири маҳаллаи 10-уми шаҳри Кӯлоб Сафармад Акрамов боздоштшудагонро мавриди шиканҷа қарор медиҳанд.

Журналистон Аслиддин Достиев ва Аҳмади Иброҳим, ки ҷабрдидагон фарзандони онҳо будаанд, мегӯянд, «латукӯб ва шиканҷаи писарони мо ба хотири навиштаҳои ахирамон, ки дар матбуоти даврӣ ба нашр расидааст, мебошад. Аз ҷумла матолиби интиқодӣ, ки ба кабелдуздӣ дар шаҳри Кӯлобу ноҳияи Восеъ иртибот дошт. Дар он мавод аз фаъолияти кормандони милиса ва мақомоти маҳаллӣ изҳори нигаронӣ шуда буд».

Ин ду рӯзноманигори маҳаллӣ ҳамзамон афзуданд, «дар мавриди накзи ҳуқуқи фарзандонамон мо албатта ба додгоҳ ва мақомоти марбута шикоят мебарем, ҳоло бачаҳои мо аз муоинаи тиббӣ гузашта санади тасдиқкунандаи зарари ҷисмониро дар даст доранд. Ба ҷуз ин шоҳидони ҳодиса низ ҳастанд, ки далелро тасдиқ мекунанд».