А. Раҳмонов: ТВ «СМТ» ба мавҷи дигар мегузарад
Дар ин бора имрӯз, 13-уми июл, Асадулло Раҳмонов, райиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон иброз дошт.
Номбурда, ки дар як нишасти матбуотии созмонёфта дар ҳузури хабарнигорон сӯҳбат мекард аз ҷумла гуфт, мо пас аз таҳлили пешниҳодҳо ба роҳбарияти телевизиони «Симои мустақили Тоҷикистон» (СМТ) дастур додем, ки ба мавҷи дигар гузарад: «Мавҷе, ки ОРТ (шабакаи 1-уми телевизиони Русия) рӯи он фаъолият мекунад, аз они ТВ «СМТ» ҳаст ва ҳаққи қонунии пахшро дар ин мавҷ танҳо СМТ дорад .
Раҳмонов афзуд, масъулини ТВ «СМТ» метавонанд, дар мавҷи дигар фиристанда насб кунанд ва барномаҳояшонро васеътар барои мардум пешниҳод намоянд.
Ёдрас менамоем, «СМТ» ягона шабакаи мустақили телевизионӣ дар пойтахти кишвар аст, ки соли 2007 ба пахши барномаҳои худ шурӯъ карда буд. Тайи муддати кӯтоҳ аудиторияи он маҳбубияти хоса касб карда, теъдоди муштариёнаш афзуд. Аммо аз тирамоҳи соли 2009 мушкили пахш дар мавҷи 29 пайдо шуда, айни замон барномаҳои шабакаи ОРТ ғайриқонунӣ рӯи СМТ пахш мешаванд.