баргард чоп кардан

Стивенсон бо сарвари АНМН дар пойтахт дидор ва гуфтугӯ дошт

Рустам Назаров, директори Агентии назорат аз болои маводи мухаддир бо намояндагони парламенти Аврупоӣ таҳти роҳбарии Струан Стивенсон, ки алъон дар Душанбе қарор доранд, мулоқот кард.

Тавре ба Озодагон аз АНМН иттилоъ доданд, зимни нишаст масоили ирсоли кӯмак ба сохторҳои дахлдори Тоҷикистон дар самти таҷҳизоти техникӣ, фаъолияти Маркази таълимии кинологӣ ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, инчунин коркарди ҳамкориҳои стратегӣ баррасӣ гардид.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ин мулоқот директори Агентӣ меҳмононро бо вазъи маводи мухаддир дар ҷумҳурӣ ва минтақа, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи дахлдор дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор шинос намуд.   
Ҳамзамон, ҷаноби Стивенсон  ба Рустам Назаров дар бораи фаъолияти Иттиҳоди Аврупо дар самти мустаҳкам кардани сарҳад ва мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дар кишварҳои Осиёи Миёна маълумот дода, таъкид кард, ки ИА диққати асосиро ба масъалаҳои амният, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор равона месозад.